Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷири тоҷик дар Британия: "Аз Русия аз замин то осмон фарқ дорад" ВИДЕО


Баъд аз он ки Британия аз Иттиҳоди Аврупо берун шуд, ҳазорон муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ ба бозори кори ин кишвар роҳ ёфтанд. Соли дувум аст, ки зодагони Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон дар корҳои мавсимӣ, асосан дар киштзорҳои ин кишвар, заҳмат мекашанд. Ҳамин тавр, Меҳрон Собиров, қаҳрамони навбатии мо яке аз онҳост. Ҷойи ӯ шояд яке аз синфхонаҳо дар мактабҳои Тоҷикистон буду аз забон ва адабиёт ба хонандагон дарс мегуфт, вале ҳоло дар гӯшае аз Британия меваи буттагии малина мечинад.

Собирови 31-сола, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, қабл аз он ки дар киштзорҳои Британия рӯзии худро пайдо кунад, дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзноманигор кор кард ва ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфт. Мушкилоти рӯзгор ӯро водор кард, ки қаламу дафтарро як сӯ гузошта, ба муҳоҷират равад ва ба мисли садҳо ҳазор тоҷики дигар Русияро макони кор интихоб кунад.

Барномаро дар инҷо бинед:

Тоҷике дар Британия: "Аз Русия аз замин то осмон фарқ мекунад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:28:06 0:00

Дар Русия ронандаи кран шуд ва, ба гуфтааш, ҳар моҳ тақрибан 80 ҳазор рубл мегирифт. Вақте имкони кори мавсимӣ дар Англия пеш омад, таваккалӣ ба яке аз ширкатҳо дархост фиристод.

Меҳрон Собиров мегӯяд, соли гузашта бори аввал барои кор ба Англия сафар дошт ва шароити кору зиндагиро дар ин кишвари аврупоӣ нисбати Русия "қиёснашванда" ёфт. Ба нақли ҳамсуҳбати мо, ҳамроҳи ӯ наздик ба 40 муҳоҷири тоҷик кор мекунанд, ки тақрибан 10 нафари онҳо зан ҳастанд. Маоше, ки мегиранд ба ҳисоби миёна ҳазор фунт стерлинг ё 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Виза ё раводиди кории категорияи 5-ум ба муҳоҷирони мавсимӣ ҳамагӣ барои 6 моҳ дода дода мешавад. Дар ин байн баъзе аз муҳоҷирон мекӯшанд, аз роҳҳои дигар, масалан издивоҷ бо шаҳрвандони Британия ҳузури худро дароз кунанд.

Чанд моҳ пеш сафорати Британия дар Тоҷикистон бо нашри як эълон аз афзоиши мавридҳои қаллобӣ барои даъват ба кор дар ин кишвар хабар дод. Сафорат корҷӯёнро огоҳ кард, ки барои гирифтани виза пешпардохт надиҳанд. Меҳрон Собиров низ ба ҳамин масъала ишора мекунад.

Масъулони Вазорати меҳнати Тоҷикистон мегӯянд, имсол ҳудуди ҳазор нафар барои корҳои мавсимӣ дар Британия интихоб шудаанд. Меҳрон аз таҷрибаи худаш мегӯяд, ки сафар ба ин кишвар ба воситаи Русия низ имкон дорад.

Интизор меравад, барномаи ҳукуматии ҷалби муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба корҳои кишоварзӣ дар Британия то ду соли дигар идома кунад. Инро Меҳрон Собиров фурсати хубе барои муҳоҷирони тоҷик медонад, ки дар шароити "инсонӣ" кор кунанд ва пули хубе ҳам ба даст оранд. Вале ба таъкиди ӯ беҳтар аст, агар ба вақти ҳузур дар ин кишвар қонунҳо ва талаботи раводиди давлат аз ҷониби муҳоҷирон риоя шаванд, то ба дигарон низ имкони сафар ба ин ҷо фароҳам гардад.

Бахши асосии муҳоҷирони тоҷик ба Русия мераванд, вале барои маоши кам ва тафтишҳои зиёд як қисми онҳо талош мекунанд худро ба кишварҳои аврупоӣ ва Британия расонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG