Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вақте ангеза нест..." Нигоҳе аз берун ба вазъи маориф дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Абел Полезе
Абел Полезе
  • Чаро омӯзгорон дар Тоҷикистон тарки кору тарки кишвар мекунанд?
  • Ҷавонон ҳангоми рафтан ба донишгоҳҳои ғарбӣ бояд чиро донанд?
  • Бе пул дар илм пеш рафтан мумкин аст?

Ба ин ва суолҳои дигар профессори Донишгоҳи Шаҳри Дублин Абел Полезе посух дод, ки бо вазъи маориф дар Тоҷикистон аз наздик ошност.

Радиои Озодӣ: Пештар гуфта будед, ки талабот аз олимону устодони донишгоҳҳо дар Тоҷикистон аз Ҳарвард дида сахттар аст. Яъне, чӣ?

Абел Полезе: "Унвонҷӯён дар инҷо ба фарқ аз кишварҳои мо бояд теъдоди зиёди мақолаҳои илмӣ нашр кунанд. Шояд давлат ба ин восита мехоҳад, ки сатҳи илмро боло барад, аммо бояд интизориҳоро дуруст ба роҳ монд. Вақте аз як унвонҷӯйи соли аввал талаб мешавад, ки солона дар маҷаллаи Scopus то се мақолаи илмӣ нашр кунад, пеш аз ҳама, ба ӯ бояд фаҳмонда шавад, ки Scopus чист. Фикр мекунам, шахсоне, ки роҳи илмро интихоб мекунанд, аввал бояд хуб омода шаванд, то талаб кардани корҳои воқеӣ аз онҳо имконпазир гардад."

Радиои Озодӣ: Вазъи таҳсил ва куллан маориф дар Тоҷикистон солҳои охир сахт танқид мешавад, назари шумо чист?

Абел Полезе: "Вақте ангеза нест ва омӯзгорон тарки касб мекунанд, ба фикрам, ин раванд ба ду омил рабт дорад: аввал маош кам аст ва дувум омӯзгорӣ шояд ба мисли қабл касби бонуфуз нест. Чунин раванд дар тамоми минтақа вуҷуд дорад. Намедонам, шояд ҳоло мо зери таъсири "ТикТок мондаем? Ҳама мехоҳанд, ки ҳарчи зуд даромади зиёд ба даст оранд. Набояд рӯҳафтода шуд, баръакс, бояд талош кард, ки чӣ гуна мутахассисони хубро ба соҳа ҷалб намуд."

Радиои Озодӣ: Баъзе аз ҷавонон пас аз хатми мактаб, коллеҷ ё донишгоҳҳои Тоҷикистон ба донишгоҳҳои Аврупо ва ё Амрико мераванд. Шикоят мекунанд, ки сатҳи омодагии онҳо бисёр поин аст...

Абел Полезе: "Талаботе, ки дар донишгоҳҳои ғарбӣ ҳаст, бо талаботи кишвари шумо мутобиқат намекунанд. Ҳамеша таъкид мекунам, ки дар ҳар кишвар раванди омӯзиш ҳам бартарӣ ва ҳам камбудӣ дорад. Вақте як донишомӯз аз ин ҷо ба ғарб меравад, бояд огаҳ бошад, ки талабот дар кишвари дигар чӣ гуна аст. Масалан, дар Амрико, фанҳои дақиқ дар мактабҳо он қадар қавӣ нестанд, аммо ба тафаккури танқидӣ таваҷҷӯҳи зиёд дода мешавад. Вақте як нафар ба Амрико меояд, фанҳои дақиқро хуб медонад, аммо тафаккури интиқодияш сусттар аст. Ин маънои онро надорад, ки вай барои дунё омода нест, гап сари як муҳит меравад."

Радиои Озодӣ: Оё мешавад, ки як олим ё унвонҷӯ бе пул карйерасозад?

Абел Полезе: “Бидуни пул коре кардан ғайриимкон аст ва дар илм ҳам “карйера” сохта намешавад. Грантҳо ҳастанд, ки метавонанд кори илмии шуморо сармоягузорӣ кунанд. Шиносоӣ бо дигар олимон баъзан аз пул ҳам муфидтар аст.”

Радиои Озодӣ: Масалан як устоди донишгоҳ чандин мушкили иқтисодӣ дорад, аз ҷумла иҷоранишин аст, маоши хуб намегирад. Дар ин ҳолат мешавад, ки худашро пурра ба илм бахшад?

Абел Полезе: “Агар як нафар худро сад дарсад ба илм бахшидан хоҳад, бе пул душвор мешавад. Ба ғайр аз илм бояд як ҷойи кори муайян дошт, ки даромади мунтазам гиред. Ман танҳо касе нестам, ки чунин ақида дорам.”

Радиои Озодӣ: Бо намояндагони донишгоҳҳо дар Тоҷикистон суҳбат кардед. Оё ягон нафар ҳамин мушкилҳоро эътироф кард?

Абел Полезе: “Инро мушкил не, шояд озмоиш номем? Ҳама чиз аз худи одам, баъдан аз ҷойи зист ва донишгоҳ бастагӣ дорад. Вақте бо ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи Миллӣ мулоқот доштем, онҳо дар бораи мушкилҳояшон суҳбат мекарданд. Бо ҳам гап задем, ки вақте ба Аврупо баргаштам, чӣ гуна бахши илмро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунам.”

Радиои Озодӣ: Ба чӣ масъала таваҷҷуҳ бештар буд?

Абел Полезе: “Роҳҳои ёфтани сармоя, пайдо кардани шиносҳои нав дар соҳаи илм, пешравӣ дар мансабу илм аз суолҳои асосии онҳо буд.”

Радиои Озодӣ: Тарзи дарсгӯии устодони тоҷикро дидед? Ба онҳо чӣ гуна баҳо медиҳед?

Абел Полезе: “Чизе, ки тафаккури интиқодӣ меномем, дар минтақа дертар рушд карда истодааст. Он ҳам дар асоси интихоби шахсии афроди алоҳида. Фикр кунам, ба тафаккури интиқодӣ дар кишвар таваҷҷуҳи кам медиҳанд. Бештар мехоҳанд, мутаваҷҷеҳи илмҳои дақиқ бошанд.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Абел Полезе: Шояд зери таъсири ТикТок мондаем?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:14 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG