Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон ба Маскав меравад


Содир Ҷабборов
Содир Ҷабборов

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 9-уми май дар паради низомӣ дар шаҳри Маскави Русия ширкат хоҳад кард.

Сардори шуъбаи сиёсати хориҷии ҳукумати Қирғизистон Муродбек Азимбоқиев гуфтааст, Ҷабборов як рӯз пеш аз паради низомӣ, 8-уми май, дар самити Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё дар Маскав иштирок мекунад.

"Дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё сарони давлатҳо ҳисоботро дар бораи рафти иҷрои "Самтҳои стратегии рушди ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё то соли 2025" ва Самтҳои асосии фаъолияти байнулмилалии иттиҳод барои соли 2023" хоҳанд шунид", - афзудааст ӯ.

Ба гуфтаи Азимбоқиев, дар ҷараёни ин сафари Ҷабборов қабули қарорҳо ва имзои ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла тасдиқи лоиҳаи протоколи табодули электронии иттилоот байни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар назар аст.

XS
SM
MD
LG