Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеи Узбекистон дар радабандии озодии расонаҳо 11 зина поин рафт


Мавқеи Узбакистон соли дувум аст, ки дар радабандии Созмони "Гузоришгарони Бидуни Марз" (Reporters Sans Frontieres), ки сатҳи озодии матбуотро дар ҷаҳон назорат мекунад, поин меравад.

Дар радабандии имсола Узбекистон дар миёни 180 кишвари ҷаҳон мақоми 148-умро касб кардааст, ки назар ба нишондоди соли гузашта 11 зина поинтар аст.

Ин кишвар дар радабандаии соли 2023 мақоми 137-умро ишғол карда буд, ки назар ба соли 2022 4 зина поин шумурда мешуд.

Дар гузориши "Гузоришгарони Бидуни Марз", ки рӯзи 3-юми май нашр шуд, гуфта мешавад, "вазъи расонаҳои хабарӣ дар Узбекистон пас аз марги раисҷумҳури он кишвар Ислом Каримов дар соли 2016 то андозае беҳтар шуд", аммо "вазъ дар робита ба танқиди мақомдорон хеле мушкил мемонад".

Гузоришгарон гуфтаанд, мақомоти Узбекистон матбуот ва як гуруҳи бузурги блогеронро сахт таҳти назорат қарор дода, дар расонаҳо "сензура ва худсензура" бартарӣ дода мешавад.

Ба ҳукумати Узбекистон тавсия шудааст, ки барои манъи қонунҳои таъқибкунандаи расонаҳо бояд ислоҳот гузаронанд.

Дар радабандии мазкур Қирғизистон дар мақоми 120-ум, Қазоқистон дар ҷойи 142-ум, Тоҷикистон дар мақоми 155-ум ва Туркманистон дар мақоми 175-ум ҷой дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG