Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба бензини Беларус рӯй овардааст


Ҳамлаҳои густурдаи паҳбодии Украина ба полоишгоҳҳои Русия дар ҳафтаҳои охир боис шудааст, ки Маскав на танҳо содироти бензинро аз аввали моҳи март манъ кунад, балки воридоти бензинро аз Беларус афзоиш диҳад.

Русия, ки худ замоне яке аз содиркунандагони бузургтарини бензин буд, акнун бо камбуди сӯзишворӣ ва боло рафтани нархи он дар бозори дохилӣ рӯбарӯ аст. Украина дар ҳафтаҳои гузашта чанд полоишгоҳи Русияро нишон гирифт ва баъзе аз онҳо аз кор мондааст.

Хабаргузории "Рейтерс" рӯзи 27-уми март ба нақл аз манбаъҳои тиҷоратӣ ва саноатӣ гузориш дод, ки дар ҳоле Русия аз моҳи январи имсол воридоти бензин надошт, дар моҳи феврал 590 тонна ва дар нимаи аввали моҳи март се ҳазор тонна бензин аз Беларус овардааст.

Ин манбаъҳо гуфтаанд, Русия бо Беларус барои харидани бештари бензин дар ҳоли музокира аст, ҳарчанд Минск беҳтар медонад, ки ин маводи сӯхтро дар бозорҳои байнулмилалӣ ба фурӯш расонад.

Беларус ду полоишгоҳ бо зарфияти полоиши солона 24 миллион тонна (480 ҳазор бушка дар рӯз) дорад. Бахши калони маводи хоми ин полоишгоҳҳоро Русия таъмин мекунад. Дақиқан мушаххас нест, ки оё ин полоишгоҳҳо тавони кор бо зарфияти комилро доранд ё не.

Хабаргузории "Рейтерс" аз қавли манбаъҳои худ гузориш додааст, ки эҳтимол Русия нафти бештаре ба полоишгоҳҳои Беларус хоҳад дод ва ба ҷойи он бензини бештаре аз ин кишвар мехарад.

Русия аз моҳи август то октябри соли гузашта низ аз Беларус бензин харида буд, то аз камбуди маводи сӯхт дар бозорҳои дохилӣ ва афзоиши нархи он пешгирӣ кунад.

Ин манбаъҳо гуфтаанд, идомаи хариди бензини Русия аз Беларус ба муддати таъмири полоишгоҳҳои осебдида аз ҳамлаҳои паҳбодҳои украинӣ вобаста аст.

Русия дар соли 2023 тақрибан 44 миллион тонна бензин истеҳсол карда буд, ки 13 дарсад (5,76 миллион тонна) содир шуда буд.

Иттиҳоди Аврупо пеш аз ҳамлаи Русия ба Украина, харидори бузургтарини маҳсулоти нафтии Русия буд. Акнун ин кишвар барои таъмини бензини дохилӣ ба Беларус рӯй овардааст.

Бахше аз нерӯҳои низомии Русия дар феврали соли 2022 ҳамлаи низомиро ба Украина аз хоки Беларус оғоз кардаанд.

XS
SM
MD
LG