Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва арабӣ дар Тошканд ҷамъ меоянд


Дар шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 15 апрел мулоқоти вазирони корҳои хориҷии "Гуфтугӯи стратегии "Осиёи Марказӣ - Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷ" баргузор мешавад.

Дар ин ҷаласа ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, кишварҳои узви Шӯро - Баҳрайн, Қатар, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Уммон, Арабистони Саудӣ ширкат хоҳанд кард.

Дар ин мулоқот созишномаҳои қаблан ҳосилшуда миёни ин кишварҳо баррасӣ мешаванд. Ҳайатҳо ҳамчунин барои саммити навбатии Шӯро, ки қарор аст, соли 2025 дар шаҳри Самарқанд баргузор гардад, омодагӣ мегиранд.

XS
SM
MD
LG